Март 01, 2017 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Кобул бо 76 кушта ва захмӣ

Ҳамалоти интиҳорӣ дар ғарб ва шарқи Кобул 16 кушта ва 60 захмӣ барҷо гузошт.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, як омили интиҳорӣ мошини бомбгузорӣ шудаеро дар вурудии сохтмони ҳавзаи шашуми полис дар ғарби Кобул мунфаҷир кард ва сипас муҳоҷимони мусаллаҳ бо нерӯҳои амниятии афғон даргир шуданд .

Дар ин инфиҷор ва даргирӣ 15 нафар кушта ва 55 нафари дигар захмӣ шуданд .

Ҳамчунин ду омили интиҳорӣ маркази идораи амниятиро дар минтақаи Арзон қиммат дар шарқи Кобул ҳадаф қарор доданд .

Дар ин ҳамла низ ибтидо омили интиҳорӣ маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, сипас муҳоҷими дуввум бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуд .

Бар асари ин инфиҷор ва даргирӣ низ як нафар кушта шуд ва панҷи корманди амниятӣ захмӣ шуданд .

Гурӯҳи Толибон масъуляти ин ду ҳамларо бар уҳда гирифт .