Март 02, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Дини мубини Ислом дини аввали ҷаҳон дар соли 2050

Гузориши як маркази амрикоӣ нишон медиҳад, ки теъдоди пайравони дини Ислом дар ҷаҳон пас аз соли 2050 аз пайравони масеҳият пешӣ хоҳад гирифт.

Ба гузориши Пресс ТВ, маркази таҳқиқотии ПИЮ, ки мақари он дар Вашингтон аст, дар гузорише эълом кард, андаке пас аз соли 2050 Ислом дини аввали ҷаҳон аз манзари теъдоди пайравон хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ҷамъияти мусалмонони ҷаҳон дар соли 2010 ҳудуди як миллиарду 600 миллион ё ҳудуди 23 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон буд ва дар ҳамин сол 2 миллиарду 200 миллион масеҳӣ дар саросари дунё зиндагӣ мекарданд, ки 31 дарсади ҷамъияти ҷаҳон буд.

 Дар ин гузориш омадааст, яке аз муҳимтарин далоили афзоиши ҷамъияти пайравони дини Ислом ин аст, ки хонаводаҳои мусалмон дар муқоиса бо масеҳиён, ба доштани теъдоди фарзандони бештаре тамоюл доранд.

Муассисаи ПИЮ дар ин гузориш нигоштааст, мусалмонон то соли 2050 беш аз 10 дарсад аз ҷамъияти Аврупоро ба худ ихтисос хоҳанд дод.

Ҳамчунин дар ҳоле, ки ҳамакнун ҳудуди як дарсад аз ҷамъияти Амрикоро мусалмонон ташкил медиҳанд, ин рақам дар соли 2050 ба беш аз дувуним дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Дар соли 2050 Ҳинд бештарин ҷамъияти мусалмони ҷаҳонро хоҳад дошт ва беш аз 18 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар муодили 310 миллион нафарро мусалмонон ташкил хоҳанд дод.

 

Барчасп