Дархости муҷозоти сангин барои амилҳои кудатои нофарҷоми Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14102-Дархости_муҷозоти_сангин_барои_амилҳои_кудатои_нофарҷоми_Туркия
Додситонии Анкара дар иддаономаи худ алайҳи муттаҳамони аслии парвандаи кудатои нофарҷоми 15-уми июл, барои муттаҳамони аслии ин кудато, ду ҳазору 988 бор муҷозоти ҳабси абад дархост кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2017 15:28 Asia/Dushanbe
  • Дархости муҷозоти сангин барои амилҳои кудатои нофарҷоми Туркия

Додситонии Анкара дар иддаономаи худ алайҳи муттаҳамони аслии парвандаи кудатои нофарҷоми 15-уми июл, барои муттаҳамони аслии ин кудато, ду ҳазору 988 бор муҷозоти ҳабси абад дархост кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи интернетии рӯзномаи “Ҳуррият”, чопи Туркия, дар иддаономаи Додситонии Анкара аз Фатҳуллоҳ Гулен, воизи собиқи Созмони умури диёнати Туркия, ки дар Пенсилваниёи Амрико ба сар мебарад, ба унвони муттаҳами аслии кудато ном бурда шудааст.

Дар ин иддаонома барои 38 муттаҳами аслӣ, аз ҷумла генерал Окин Узтурк, фармондеҳи собиқи нерӯи ҳавоии Туркия ва шумори дигаре аз генералҳо ва сарҳангҳои артиш, ду ҳазору 988 бор муҷозоти ҳабси абад дархост шудааст.

Ин низомиёни олирутбаи турк қарор буд дар сурати муваффақияти кудатои 15 –уми июл, Шӯрои ба номи сулҳ дар меҳанро ташкил диҳанд ва идораи Туркияро ба даст бигиранд.

Парвандаи кудатои нофарҷоми 15-уми июл дорои 221 муттаҳам аст, ки 199 тан аз онон дар боздоштанд ва ҳашт тан низ ба сурати машрут озод шуда, аммо таҳти назари мақомоти қазоӣ ҳастанд.

Дар иддаономаи Додситонии Анкара муттаҳамони низомии ин парванда, ки 27 тан аз онон генерал ҳастанд, террористҳое номида шудаанд, ки либоси низомӣ бар тан доштанд.

 Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, генерал Ҳулуси Окор, раиси Ситоди артиш ва фармондеҳони нерӯҳои сегонаи артиши Туркия аз шикояткунандагони ин парванда ҳастанд.