Март 08, 2017 20:18 Asia/Dushanbe
  • Хаёлпардозии Трамп барои ташкили эътилофи арабии зидди Эрон

Рӯзномаи амрикоии Вашингтон Пост тарҳи давлати Амрикоро барои ташкили эътилофи арабии зидди ҷумҳурии исломии Эрон ба боди интиқод гирифт.

Рӯзномаи Вашингтон Пост рӯзи сешанбе бо ишора ба нуфузи Эрон дар минтақа ва зарурати поин омадани интизороти Амрико аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, навишт: Барномаи давлати ҷадиди Амрико барои ташкили эътилофи кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс зидди Эрон, сирфан хаёле воҳӣ аст .

Ин рӯзнома афзудааст: Аз миёни хаёлпардозиҳои сиёсати хориҷии давлати кунунии Амрико, яке аз ҷаззобтаринҳо ин аст, ки акнун метавон кишварҳои арабиро басиҷ кард, то дар чорчуби манофеи Амрико хидмат кунанд ва ба ифои нақш бипардозанд .

Рӯзномаи Вашингтон пост бо лаҳне кинояомез идома додааст: Албатта, ҳаркас чунин хобу хаёлҳое мебинад, беҳтар аст, каме дароз бикашад ва ба оромӣ мунтазир бимонад, то ингуна эҳсосоти хаёлпардозона аз сараш берун равад .

Ин рӯзномаи амрикоӣ таъкид кардааст, Доналд Трамп ба зудӣ дар хоҳад ёфт, ки чашмандозе, ки ӯ аз манофеъ ва роҳбурдҳои Амрико дорад, илзоман бо манофеъ ва роҳбурдҳои арабҳое, ки мехоҳад, ба онон муттакӣ бошад, мунтабиқ нест ва дар ниҳоят давлати Трамп низ монанди давлатҳои пешини Амрико аз ҷалби ҳамкории кишварҳои арабӣ дилсарду ноумед хоҳад шуд .

 

Барчасп