Иддаои ҷадиди нахуствазири Туркия дар мавриди гурӯҳҳои террористӣ
Дар ҳоле, ки давлати Анкара дар сафи муқаддами ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад, мақомҳои Туркия иддаои ҷадиде алайҳи гурӯҳҳои террористӣ матраҳ мекунанд.
Бен Али Йилдирим, нахуствазири Туркия пас аз дидор бо Ҳанӣ Алмалқӣ, нахуствазири Урдун дар нишасти муштараки хабарӣ дар Анкара эълом кард, гурӯҳҳои террористӣ, ки сулҳ дар Сурия ва минтақаро бар ҳам задаанд, душмани муштарак ва таҳдиди ҳамаи кишварҳои минтақа маҳсуб мешаванд.
Бино бар ин гузориш, Бен Али Йилдирим бо ишора ба иттифоқи назари Урдуну Туркия дар хусуси мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард: Бояд бидуни табъизв ва стандарти дугона, бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа мубориза кард .
Ин изҳороти Бен Али Йилдирим дар ҳолест, ки Туркия таи солҳои гузашта бо сиёсатҳои иштибоҳи худ дар минтақа ва бо ҳимоят аз бархе аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ, ба ташдиди буҳрон дар ин кишварҳо кумак кардааст .
Аммо дар ҳоли ҳозир, ки мавзуи ҳазфи ин гурӯҳҳо дар дастури кори ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, мақомҳои давлати Анкара қасд доранд, бо ингуна изҳориназрҳо ва бо тағйири рафторҳои худ дар минтақа, аз ин гурӯҳҳо дар ҷиҳати манофеи Туркия баҳрабардорӣ кунанд.
Нерӯҳои артиши Туркия дар рӯзи 24 августи соли 2016, бо ҳимояти Амрико амалиёти низомии мавсум ба “Сипари Фурот”-ро дар шимоли Сурия оғоз кардаанд. Давлати Туркия муддаӣ аст, ки ҳадафи аслӣ аз иҷрои ин амалиёт, поксозии манотиқи шимолии Сурия аз террористҳои ДИИШ аст. Ҳузури низомии Туркия дар шимоли Сурия бидуни касби иҷоза аз давлати қонунии Димишқ сурат гирифтааст ва ба гуфтаи масъулони давлати Димишқ, ин иқдоми Туркия ишғолгарӣ дар хоки Сурия маҳсуб мешавад.
Дар ин шароит, мақомҳои давлати Анкара бо изҳори назрҳои сулҳҷуёна ва зидди террористӣ, талош мекунанд, сиёсати хориҷии Туркияро бидуни тағийроти умда, ба гунае идома диҳанд, ки сирфан ба бахше аз хостаҳои худ барисанд. Дар ҳоле, ки ингуна тағийрот дар сиёсати хориҷии Туркия мавриди пазириши давлатҳо ва миллатҳои минтақа ва ҷаҳон нест.
Дар маҷмуъ, рӯйкарди ҷадиди давлати Туркия дар қиболи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ҳоизи аҳаммият аст. Албатта ин тағйири рӯйкард машрут ба муборизаи воқеӣ бо ин гурӯҳҳост ва сирфан тарҳи шиорҳои таблиғотиро наметавон ба маънои воқеии мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа талаққӣ кард .