Март 10, 2017 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Путин аз Эрон дар баробари иддаоҳои Исроил

Раиси ҷумҳурии Русия иддаоҳои Исроил дар бораи Ҷумҳурии исломии Эронро рад кард.

Ба гузориши “Раша-Тудей”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар вокуниш ба муттаҳам шудани Эрон аз сӯйи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ба талош барои нобудии Исроил эълом кард, “Телавив бояд масоили байналмилалиро аз зовияи дунёи модерн бангарад”.

Нахуствазири Исроил дар дидори Путин иддао кард, Эрони ҳудуди 2 ҳазору панҷсад соли пеш барои нобудии Исроил талош кард, ки муваффақ нашуд ва акнун низ ин талош ҳамчунон идома дорад.

Бенёмин Натанёҳу гуфт, талоши Эрон барои нобудии Исроил бисёр возеҳ аст ва ин мавзӯъ дар рӯзномаҳои эронӣ мунъакис мешавад.

Нахуствазири Исроил муддаӣ шуд, шароит ба монанди 2 ҳазору 500 соли пеш нест ва акнун Исроил сарзамини худ ва артише дорад, ки аз он дифоъ мекунад.

Раиси ҷумҳурии Русия дар посух ба иддаоҳои Натанёҳу изҳор дошт, дар бораи Эрон бояд бо тавваҷуҳ ба шароит, дар замони ҳол қазоват кард.

Бенёмин Натанёҳу ва Владимир Путин ҳамчунин дар бораи мавзӯи муқобила бо терроризм, буҳрони Сурия ва душманӣ байни Эрону Исроил бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Натанёҳу барои дидор бо мақомҳои Русия, ба Маскав сафар кардааст.

 

Барчасп