Март 10, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони Милал аз ҷинояти артиши Мянмар алайҳи мусалмонон

Намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Мянмар, аз ҷинояти артиш алайҳи мусалмонон дар ин кишвар хабар дод.

Ёнг Ҳи Ли, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Мянмар рӯзи ҷумъа эълом кард, артиши ин кишвар бо иқдомоти хушунатбор алайҳи мусалмонон, муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шудааст.

Намояндаи вижаи СММ дар умури Мянмар афзуд, иқдомоти нерӯҳои артиш ва маъмурони полис бо ақалияти мусалмони Руҳингё далели равшани ҷиноят алайҳи башарият аст.

Ба гуфтаи намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Мянмар, давлати Мянмар дар бораи ҳаҷми густардаи шиканҷа ва ҷиноёти ғайриинсонӣ, ки алайҳи ақалияти мусалмони Руҳингё эъмол шуда, масъул аст.

Иқдомоти хушунатбори артиш ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусалмонони Руҳингё дар Иёлати Рохин, ғарби Мянмар мунҷар ба кушта ва овора шудани ҳазорон нафар аз сокинони ин манотиқ шуд.

Созмони Милал аввали моҳи марти соли 2016 дар бораи вазъияти зиндагии ақалияти Руҳингё ҳушдор дода ва эълом карда буд, онҳо маҷбур ҳастанд дар шароити ҳавлнок зиндагӣ кунанд ва кӯдакон ба иллати дастрасӣ надоштан ба муроқибатҳои беҳдоштӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.