Интиқоди Афви Байналмилал аз фурӯши силоҳҳои бритониёӣ ба Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14408
Созмони Афви Байналмилал таваққуфи фурӯши таҷҳизоти бритониёӣ ба Арабистони Саудиро хостор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 10, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Афви Байналмилал аз фурӯши силоҳҳои бритониёӣ ба Арабистон

Созмони Афви Байналмилал таваққуфи фурӯши таҷҳизоти бритониёӣ ба Арабистони Саудиро хостор шуд.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, Созмони Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбе бо интишори гузорише бо интиқод аз давлати Британия, ба далели фурӯши силоҳ ба Арабистон ва истифода аз ин силоҳҳо барои қатли оми мардуми Яман, таваққуфи фурӯши силоҳ аз сӯйи Британия ба Арабистонро хостор шуд.

Созмони Афви Байналмилал аз мардуми Британия низ хост, аз намояндагони мунтахаби худ бихоҳанд, ки давлатро барои мутаваққиф кардани фаврии фурӯши силоҳ ба Арабистон таҳти фишор қарор диҳанд.

 Созмони Афви Байналмилал ба Лондон ҳушдор дод, ки дар иқдомоте ки мисдоқи ҷиноёти ҷангӣ аст, бо Риёз шарик нашавад.

Пеш аз ин низ намояндагони Созмони Афви Байналмилал дар дидор бо мақомҳои испаниёӣ дар Мадрид, аз ин кишвар ба далели фурӯши таслеҳот ба Арабистони Саудӣ интиқод карда буданд.

Ҳамалоти Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва арабии ҳампаймони Риёз ба Яман, сабаби куштори беш аз 11 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар, овора шудани миллионҳо тан ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар шудааст.