Март 11, 2017 13:35 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз эҳтимоли ҷанги ҳастаӣ байни Ҳинд ва Покистон

Раиси фармондеҳии марказии артиши Амрико дар бораи эҳтимоли вуқуи ҷанги ҳастаӣ байни Ҳинду Покистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, генерал Ҷозеф Вотелл, раиси фармондеҳии марказии артиши Амрико дар гузорише эълом кард: Таниши феълии байни Ҳинду Покистон метавонад боиси бурузи ҷанг ва ҷанги ҳастаӣ байни ду кишвар шавад .

Вай афзуд: Ҳамалоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар Покистон ба манотиқи Ҳинд ва ҳамлаи талофиҷуёнаи ҳиндиҳо метавонад ду кишварро даргири ҷанги ҳастаӣ кунад .

Фармондеҳи марказии артиши Амрико ҳамчунин гуфт: Талошҳои дипломатии Ҳинд барои мунзавӣ кардани Покистон низ монее ҷиддӣ бар сари роҳи оддисозии равобити ду кишвар аст ва метавонад таниши байни Исломобод ва Деҳлиро афзоиш диҳад  .

Артиши Ҳинд дар октябри соли гузашта ба талофии ҳамлаи шибҳнизомиён ба пойгоҳи худ дар шимоли Кашмири таҳти контроли ин кишвар, ба ҳафт пойгоҳи шибҳанизомиён дар дохили хоки Покистон ҳамла кард .

 Дар ин ҳамла беш аз 35 шибҳнизомӣ ва 9 нерӯи низомии Покистон кушта шуданд .

Равобити Ҳинду Покистон аз 8 июли 2016, ки мавҷи ҷадиди нооромиҳо дар минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд оғоз шуд, муташанниҷ шудааст .

 

Барчасп