Ихроҷи вазири туркияӣ аз Нидерланд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14482-Ихроҷи_вазири_туркияӣ_аз_Нидерланд
Нидерланд шанбешаб дидори вазири умури хонаводаи Туркияро аз шаҳри Роттердам, “ғайримусъулона” хонд ва ӯро аз ин кишвар ихроҷ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 12, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хонаводаи Туркия Фотима Батул Соён Коё
    Вазири умури хонаводаи Туркия Фотима Батул Соён Коё

Нидерланд шанбешаб дидори вазири умури хонаводаи Туркияро аз шаҳри Роттердам, “ғайримусъулона” хонд ва ӯро аз ин кишвар ихроҷ кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Нидерланд дар баёнияе эълом кард: «дидори вазир Фотима Батул Соён Коё ғайримусъулона буд. Дар тамосҳое, ки бо мақомоти Туркия доштем, мукарраран ба онҳо тазаккур додем, ки Нидерланд ба хонуми Коё хушомад нахоҳад гуфт, аммо ӯ боз тасмим гирифт ин сафарро анҷом диҳад.»

Мақомоти Нидерланд тасмим гирифтанд, вазири умури хонаводаи Туркияро ихроҷ кунанд ва ба Олмон, ҷое, ки аз онҷо азми Роттердам карда буд, бозгардонданд.

Вазири умури хонаводаи Туркия, шанбешаб аз Дюсселдорфи Олмон ба Роттердам рафт, аммо иҷозаи рафтан ба консулгарии Туркия дар Роттердам ба ӯ дода нашуд.

Вазири умури хонаводаи Туркия, рӯзи якшанбе дар Твиттери худ, ин иқдоми Нидерландро “хилофи демокртия” ва “фашистӣ” донист ва аз ҳамаи ҷаҳон хост ба номи демократия дар баробари ин иқдом мавзеъгирӣ кунад.

Нидерланд шанбе субҳ, низ ба ҳавопаймои Мавлуд Човушуғлӯ- вазири умури хориҷаи Туркия, иҷоза фуруд надод.

Човушуғлӯ қарор буд, дар ҳамоише, ки аз сӯи ҷомеаи туркиёии таборҳои Роттердам тартиб дода шуда буд, ҳузур ёбд ва ба нафъи афзоиши ихтиёроти Эрдуғон, ки дар ҳамапурсии 16 апрел ба раъй гузошта мешавад, суханронӣ кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон-раисиҷумҳури Туркия, дар вокуниш ба ин иқдом, мақомоти Нидерландро «бақоёи нозисм» тавсиф кард.

Нахуствазири Нидерланд низ суханони Эрдуғонро “аҳмақона” ва “нобаҷо” хонд.