Эҳтимоли хиёнати кормандони бемористони низомӣ дар ҳамлаи террористии Кобул
(last modified Sun, 12 Mar 2017 14:32:03 GMT )
Март 12, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба бемористони низомии Кобул
    Ҳамлаи террористӣ ба бемористони низомии Кобул

Бархе намояндагони Маҷлиси Афғонистон ҳамлаи террористии ахир ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобулро ношӣ аз хиёнати шуморе аз коркунони бемористон донистанд.

Ба иттилои радиои паштуи бурунмарзии Эрон, Нафиса Закӣ, узви комиссияи амнияти дохилии Маҷлиси миллии Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишварро ба нотавонӣ дар таъмини амнияти шаҳри Кобул муттаҳам кард .

Вай гуфт: Бархе аз кормандони бемористони низомии Кобул бо террористҳо дар ҳамла ба ин маркази дармонӣ ҳамкорӣ доштанд ва масъулони амниятии Афғонистон бояд дар ин замина посухгу бошанд .

Абдулраҳим Арюбӣ, узви дигари Маҷлиси миллии Афғонистон низ ҳушдор дод, агар аз ингуна ҳамалоти террористӣ ҷилавгирӣ нашавад, онҳо такрор хоҳанд шуд .

Дар ҳамин ҳол генерал Давлат Вазирӣ, сухангуи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, агар собит шавад, масъулони амниятӣ дар ҳамлаи террористӣ ба бемористони низомии шаҳри Кобул муқассиранд, ба додситонии кул муаррифӣ хоҳанд шуд .

Дар ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довудхони Кобул 50 тан кушта ва 70 нафар захмӣ шуданд .

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти ин ҳамларо бар уҳда гирифт .