Поин кашидани парчами консулгарии Ҳолланд дар Истанбул+видео
(last modified 2017-03-12T15:04:17+00:00 )
Март 12, 2017 20:04 Asia/Dushanbe

Бо шиддат гирифтани танишҳо миёни Ҳолланд ва Туркия, муътаризон парчами консулгарии Ҳолланд дар Истанбулро поин кашида ва парчами кишвари худро ҷойгузини он карданд.

Ба иттилои шабакаи Алъолам, баъд аз ҷилавгирии Ҳолланд аз вуруди Мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия ва ихроҷи як вазири туркияии дигар, муътаризон дар Истанбул парчами консулгарии Ҳолланд дар ин шаҳрро поин кашиданд ва парчами кишвари худро барои муддате ҷойгузини он карданд .

Полиси Туркия ҳамзамон сохтмони сафорати Ҳолланд дар Анкара ва консулгарии ин кишвар дар Истанбулро ба сабаби нигаронии амниятӣ бастааст .

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба ин ду иқдоми Ҳолланд гуфтааст, ки Амстердам баҳои рафторҳои худ алайҳи вазирони давлати Анкара ва раҳо кардани сагҳояш алайҳи атбои Туркияро хоҳад пардохт .

Эрдуғон гуфт, атбои Туркия на танҳо Ҳолландро тарк намекунанд, балки нуфузи худро дар ин кишвар бештар хоҳанд кард .

Кишварҳои аврупоӣ, ислоҳоти Қонуни асосии Туркияро гоме ба сӯи тасбити қудрати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия то нимаи даҳаи оянда медонанд ва онро иқдоме ғайридемократӣ хондаанд .

 

Барчасп