Март 13, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Беларус тазоҳуроти зидди давлатӣ барпо карданд.
    Мардуми Беларус тазоҳуроти зидди давлатӣ барпо карданд.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Беларус зидди сиёсатҳои давлати ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба иттилои хабаргузории Фаронса, мардуми шаҳрҳои Орша, Рогачев ва Бобруйски Беларус рӯзи якшанбе бо ҳузур дар хиёбонҳо ба сиёсатҳои молиётии давлати ин кишвар эътироз карданд .

Муътаризон дар Беларус бо сар додани шиорҳое таҷдиди назари давлат дар муқаррароти ҷадиди молиётиро хостор шуданд .

Бар асоси муқаррароти ҷадиди молиётии Беларус, афроде, ки камтар аз шаш моҳ дар сол кор кунанд, бояд 185 евро молиёт бипардозанд .

Мухолифони давлати Беларус дар моҳи феврали 2017 ҳушдор дода буданд, ки дар сурати идомаи бетаваҷҷуҳии давлат ба дархосташон дар моҳи март тазоҳурот мекунанд .

Ин дар ҳолест, ки полиси Беларус эълом кард, Павел Северинетс, раҳбари мухолифони давлати ин кишварро ба ҳамроҳи се рӯзноманигори мухолиф дар шаҳри Орша боздошт кардааст .

Бино бар ин гузориш, мухолифони давлат дар Беларус аз боздошти 10 нафар дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар хабар доданд .

 

Барчасп