Дархости Кобул аз Маскав барои мушорикат дар бозсозии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14524-Дархости_Кобул_аз_Маскав_барои_мушорикат_дар_бозсозии_Афғонистон
Вобастаи тиҷории сафорати Афғонистон дар Русия гуфт: Кобул ба Маскав пешниҳод додааст, дар бозсозии 124 марказ ва таъсисоти муҳими Афғонистон мушорикат кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 13, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Кобул аз Маскав хост, ба бозсозии Афғонистон кумак кунад
    Кобул аз Маскав хост, ба бозсозии Афғонистон кумак кунад

Вобастаи тиҷории сафорати Афғонистон дар Русия гуфт: Кобул ба Маскав пешниҳод додааст, дар бозсозии 124 марказ ва таъсисоти муҳими Афғонистон мушорикат кунад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Қосим Муҳаммад афзуд: Бисёре аз ин марокиз ва таъсисот дар Афғонистонро мутахассисони Шӯравӣ сохтаанд ва акнун Русия метавонад ба бозсозӣ ва эҳёи онҳо кумак кунад .

Вобастаи тиҷории сафорати Афғонистон дар Русия гуфт, мавзуи бозсозии иқтисодии Афғонистон пештар низ дар музокироти миёни сафири Афғонистон дар Маскав ва муовини вазири энержии Русия матраҳ шуда буд .

Қосим Муҳаммад аз Донишгоҳи политехники Кобул, нерӯгоҳи барқи Пули Хумрӣ ва нақби Соланг аз ҷумлаи ин таъсисоту марокиз ном бурд .