Март 13, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
  • Боло гирифтани таниш миёни Туркия ва Ҳоланд

Бо боло гирифтани таниш миёни Туркия ва Ҳоланд, Анкара сафири Ҳоландро эҳзор кард ва нахуствазири Ҳоланд низ узрхоҳии Анкараро хостор шуд.

Ба гузориши “Рейтерз”, манобее дар Вазорати умури хориҷаи Туркия эълом карданд, Анкара рӯзи душанбе сафири Ҳоландро барои эътироз ба иқдомоти рӯзи гузаштаи полиси Роттердам зидди муътаризони турк эҳзор кард.

 Ба гуфтаи ин манобеъ, Вазорати умури хориҷаи Туркия дар ёддоште дипломатӣ, мудохилаи полисро бетаносуб хонду иқдоми қонунӣ алайҳи рафтори номуносиби полисро хостор шуд.

Полиси Ҳоланд рӯзи якшанбе аз сагу худравҳои обпош барои мутафарриқ кардани садҳо муътаризи турк, ки парчами кишвари худро дар хориҷ аз консулгарии Туркия дар Роттердам дар даст доштанд, истифода кард ва чанд муътаризро низ шаллоқ зад.

Марк Рюте, нахуствазири Ҳоланд низ якшанбешаб дар чорчӯби корзори таблиғоти интихоботи порлумонии ин кишвар гуфт, узрхоҳии давлати Ҳоланд ба далели ихроҷи як вазири туркияӣ ҳаргиз матраҳ нест ва ин давлати Туркия аст, ки бояд ба иллати он чӣ анҷом додааст, узрхоҳӣ кунад.

Рюте дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, таниши бавуҷудомада байни Лоҳа ва Анкара поён ёбад.

Давлати Ҳоланд рӯзи шанбеи гузашта муҷаввизи фурӯди ҳавопаймои ҳомили Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркияро барои баргузории маросими таблиғотӣ ба нафъи ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосии Туркия, лағв кард.

Полиси Ҳоланд низ монеи вуруди Фотима Батул Соён Киё, вазири хонаводаи давлати Туркия ба сарконсулгарии ин кишвар дар Роттердам шуд.

Туркия дар муқобил ба Ҳоланд ҳушдор додааст, ин иқдомотро ба шадидтарин ваҷҳ ҷавоб хоҳад дод.

 

Барчасп