Талоши пинҳонии Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14662-Талоши_пинҳонии_Арабистон_барои_нуфузи_ваҳобият_дар_Афғонистон
Дар идомаи талошҳои мармузона ва пинҳонии Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар Афғонистон, Риёз эълом кардааст, ки тамоми дарсҳои динӣ дар донишгоҳи Нангарҳор бояд ба забони арабӣ ироа шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Талоши пинҳонии Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар Афғонистон

Дар идомаи талошҳои мармузона ва пинҳонии Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар Афғонистон, Риёз эълом кардааст, ки тамоми дарсҳои динӣ дар донишгоҳи Нангарҳор бояд ба забони арабӣ ироа шавад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ҳарчанд бархе аз уламои афғон ва намояндагони парлумон аз талошҳо барои тарвиҷи ваҳобият ва ифротгароӣ дар ин кишвар иброз нигаронӣ кардаанд, аммо баназар мерасад, ки ҳадафи Арабистон аз тадрис ба забони арабӣ, истифода аз устодони саудӣ, дар ин донишгоҳ бошад.

Сеюмин донишгоҳи исломии Афғонистон бо ҳазина 500 миллион доллар аз сӯи Арабистон, дар 15 километрии атрофи шаҳри Ҷалолободи устони Нангарҳор дар ҳоли сохт аст.

Ин донишгоҳ зарфияти беш аз 10 ҳазор донишҷӯро хоҳад дошт.

Талоши Арабистон барои нуфузи ваҳобият дар шарқи Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки устони Нангарҳор, ки маҳалли сохти ин донишгоҳ аст, хостагоҳи ДИИШ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Арабистони Саудӣ ба манзури тасаллути комил бар ин донишгоҳ, мудирият ва пардохти махориҷи онро пас аз сохт низ бар ӯҳда гирифтааст.

Арабистони Саудӣ моҳи гузашта низ бо садҳо ҳазор доллар, ҳазинаи китобхона бузургеро дар ин устони шарқии Афғонистон ба баҳрабардорӣ расонд.

Гуфта мешавад, ки вуҷуди афроди вобаста ба ДИИШ дар Нангарҳор омили таваҷҷӯҳи Арабистони Саудӣ ба ин вилоят шудааст, зеро дар гузашта Арабистон тақрибан дар ҳеч як аз вилоёти Афғонистон тарҳе ба арзиш 500 миллион долларро иҷро накардааст.