Март 19, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Суфраи ҳафт син дар хонаи фарҳанги Маскав паҳн шуд

Дар остонаи фаро расидани Наврӯз гурӯҳе аз эрониён ва русҳо ҳамроҳи шуморе аз фаъолони фарҳангӣ ва ҳунарии Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Тоҷикистон, суфраи ҳафт синро дар хонаи фарҳанги Гойдорутс Маскав барпо карданд.

Ба гузориши Ирно, дар ин маросим, ки шомгоҳи шанбе баргузор шуд, шуморе аз масъулони хонаи фарҳанги Гойдорутс, эрониён ва ҳамчунин шаҳрвандони дигар кишварҳои шарик дар барнома ҳузур доштанд .

Иҷрои барномаҳои фарҳангии ҳунарӣ аз ҷумла мусиқӣ, орзуи саломатии ҳамагонӣ ва ҳамхонии наврӯзӣ ба забони форсӣ аз ҷумлаи барномаҳои иҷрошуда дар ойини паҳн кардани суфраи ҳафт син буд .

Эроншиносе дар ин маросим гуфт: Наврӯз ҳамзоди баҳор ва решагирифта дар Эрони куҳан ва як ойини арзишманду дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан аст ва ҳатто кишварҳое, ки дур аз фарҳанги порсӣ ҳастанд, аз он таъсир гирифтаанд .

Вай афзуд: Сухан гуфтан аз Наврӯз вижаи як муносибати замонӣ ё ҷуғрофиёӣ нест, балки фарҳанге марбут ба табиати ҷаҳонӣ аст, ки порсҳо онро бунёд гузошта ва ба ҳамаи ҷаҳониён тақдим кардаанд .

Хонуми Рино Рустамӣ, намояндаи Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарӣ низ дар суханони худ гуфт, ки Наврӯз нишонаи меҳрбонии табиат ва дӯстии инсонҳост, ки аз қарнҳо пеш токунун ҳар рӯз бештар ҷилвагарӣ мекунад .

Ҳамидризо Дод ва муҷрии ин барномаи фарҳангӣ ва сарпарасти консерти меҳрбонон низ дар ҳошияи маросим ба хабарнигори Ирно гуфт: Тарҳи аввалияи баргузории ойини ҳафт син таккишварӣ ва фақат барои эрониён танзим шуда буд, вале бо таваҷҷуҳ ба истиқболи фаъолони фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои дигар ба сурат чандкишварӣ баргузор шуд, то ҷанбаи байналмилалии он нишонаи густардагии фарҳанги порсӣ бошад .

Вай изҳор дошт: Далели ин таъкид, афзун бар иштирокҳои торихӣ ва тамаддунӣ ва ҳамчунин пешинаи пайвастагии сарзаминӣ, ҷойгоҳи волои Наврӯз аст, ки ҳарсола дар кишварҳои мухталиф бо шукӯҳтар баргузор мешавад .

Дод дар поён таъкид кард: Ҳузури намояндагони мардуми панҷ кишвар бо ангезаи шахсӣ ва худҷуш нишон медиҳад, миллатҳои минтақа муштаракоти фарҳангӣ ва иҷтимоии зиёде доранд, ки барои онҳо арзиши зиёде низ қоил ҳастанд ва аз ҳар фурсате ҳам барои посдошти ин ҳамгароӣ истифода мекунанд .