Март 20, 2017 21:54 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҷунбиши таҳрим зидди Исроил дар ҷаҳон

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз густариши "ҷунбиши ҷаҳонии таҳрим зидди Исроил" хабар доданд.

Рӯзномаи ибризабони “Исроил имрӯз” рӯзи душанбе бо таъкид бар ин ки ҷунбиши ҷаҳонии таҳрим зидди Исроил маъруф ба “Би Ди Эс” дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Италия дар ҳоли густариш аст, навишт: “ин раванд таҳдиди воқеӣ барои Исроил ба шумор меояд”.

Рӯзнома “Исроил имрӯз” бо ишора ба афзоиши фаъолияти ҷунбиши ҷаҳонии таҳрим зидди Исроил дар байни донишҷуёни итолиёӣ афзуд: “Шӯрои донишҷуёни донишгоҳи Туринои Италия дар оғози моҳи март ҳимояти худро аз даъвати лағви тавофуқномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаи Техниюни Исроил эълом кард.

Ба навиштаи ин рӯзнома, илова бар ин салони конфронси донишгоҳи Ла-Сапиенза дар Рим саҳнаи тақсими иттилоияҳое буд, ки рӯйи он тасовирн аз низомиёни Исроил дар ҳоли ҳамла ба шаҳрвандони Фаластин ва мусодираи хоки онон ба тасвир кашида шуда буд.

“Исроил имрӯз” муддаӣ шуд, ҷунбиши таҳрим зидди Исроил дар талош аст яҳудиёнро манбаи шар дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи саҳюнистии “Эдиот Оҳронут” фош кард, яке аз ҷамъиятҳои хайрияи кишвари Чили ҳамсари сафири Исроилро ба нишасти солонаи хайрия даъват накард, ки ин иқдом барои Тел-авив шуккакунанда аст.

Ба навиштаи ин рӯзнома , ҷунбиши ҷаҳонии Би Ди Эс омили даъват нашудани ҳамсари сафири Исроил ба ин нишасти дипломатӣ ва хайрия буд. Ҷунбиши Би Ди Эс, ки дар заминаи таҳрими Исроил фаъолият дорад, беш аз ду сол аст, ки Исроил ҷанги таблиғотии худро зидди он оғоз кардааст.

 

Барчасп