Пешнависи ташдиди таҳримҳои Эрон дар Конгресси Амрико
Як намояндаи ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Амрико пешнависи тарҳи ташдиди таҳримҳои зиддиэронии марбут ба барномаи мушакиро ба Маҷлиси намояндагон ироа кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Эд Ройс, намояндаи Калифорния дар Маҷлиси намояндагони Амрико пешнависи тарҳеро ироа кард, ки бар асоси он қарор аст таҳримҳои зиддиэронии марбут ба барномаи мушакҳои боллистикӣ ташдид шавад.
Эд Ройс дар муқаддимаи ин пешнавис навиштааст, барои густариши таҳримҳо зидди Эрон бо тавваҷуҳ ба барномаи мушаки болистикии ин кишвар ва аҳдофи дигари ин тарҳ барои баррасиву тасвиб ба маҷлиси Сенат ва Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико ироа шуд.
Давлати Амрико муддаӣ шудааст, озмоиши мушакии Эрон бар хилофи қатъномаи 2231-и Шӯроӣ амният будаву ин озмоишҳо шомили мушакҳое аст, ки метавонанд кулоҳаки ҳастаӣ ҳамл кунанд.
Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо эълом кардааст, мушакҳои болистики Эрон барои ҳамли кулоҳаки атомӣ тарроҳӣ нашудаасту ниёзе ҳам ба силоҳи атомӣ надорад ва худро ба муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ комилан мутааҳҳид медонад.