Март 23, 2017 21:03 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Сино 10 сарбози мисрӣ кушта шуданд.
    Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Сино 10 сарбози мисрӣ кушта шуданд.

Бар асари инфиҷори бомба дар канори ҷоддае дар вилояти Сино, дар шимоли Миср, шуморе аз низомиёни ин кишвар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, артиши Миср рӯзи панҷшанбе эълом кард, бар асари инфиҷори ду бомба дар канора ҷоддае дар ҳангоми даргирии артиши Миср бо гурӯҳҳои террористӣ дар ҷануби минтақаи Алъурайш, дар вилояти Сино, дар шимоли Миср, 10 сарбози мисрӣ кушта шуданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин амалиёт 15 террорист низ кушта шудаанд.

Низомиёни мисрӣ ҳамчунин 7 тан аз афроди мусаллаҳро дастгир карданд.

Дар ҳамин ҳол, дастикам панҷ террорист низ рӯзи панҷшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои артиши Миср ба минтақаи Ҷабал-ул-ҳилол, дар ҷануби шаҳри Алъурайши Сино ба ҳалокат расиданд.

 Нерӯҳои полиси Миср ва артиши ин кишвар пас аз кудатои Абдулфаттоҳ Ассисӣ, фармондеҳи артиши вақти Миср дар соли 2013 алайҳи давлати демократии Муҳаммад Мурсӣ, ба таври муштарак амалиёт ба манзури ғалаба бар гурӯҳҳои мусаллаҳ оғоз кардаанд.

Минтақаи Сино, дар шимоли Миср маҳалли фаъолияти гурӯҳи Ансори Байтулмуқаддас, шохаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Миср аст, ки то кунун саҳнаи даҳҳо ҳамла ба мавозеи низомиён ва мардуми оддӣ будааст.

 

Барчасп