Истиқболи густарда аз китоби “Аз Хумайнӣ то Хоманаӣ” дар Русия+ Видео
Китоби “Аз Хумайнӣ то Хоманаӣ”, навиштаи Димитрий Жуков, нависандаи фақиди Русия, ки дарбаргирандаи иттилооте аз Эрон, инқилоб ва ҷумҳурии исломӣ аст, ба чопи сеюм расид.
Ба гузориши ИРНА аз Маскав, ин китоб, ки аз рӯзи ҷумъа чопи сеюми он арза шудааст, байни пажӯҳишгарону Эроншиносони русӣ манбаи муҳим барои шинохти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб аст, ки бо истиқболи густардаи русзабонон мувоҷеҳ шудааст.
Ирина Жукова, ҳамсари нависандаи фақиди ин китоб гуфтааст, ки ҳамсараш байни ҳамаи осораш беш аз ҳама ба китоби “Аз Хумайнӣ то Хоманаӣ” дилбастагӣ дошт .
Ин китоби 192 сафҳаӣ, афзун бар муаррифии дидгоҳҳои бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ ва Раҳбари муаззами инқилобу таъсирҳои равшангарона бар муодилоти минтақаиву ҷаҳонӣ, дарбаргирандаи шарҳе гузаро аз вижагиҳои торихӣ, табиӣ, тамаддунӣ ва фарҳангу ҳунари эронӣ бо тасовири рангӣ ҳаст, ки бо муқаддимае ба қалами Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия мунташир шудааст.