Март 26, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори 800 низомии амрикоии дигар дар Афғонистон

Вебсайти хабарии вобаста ба артиши Амрико аз истиқрори садҳо низомии амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, масъули равобити умумии пойгоҳи низомии Люис Маккорд эълом кард, ҳаштсад низомии Амрико ба низомиёни ин кишвар мустақар дар Афғонистон афзуда мешаванд.

Генерал ‌Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон муътақид аст, танҳо бо афзоиши ҳузури низомиёни хориҷӣ дар ин кишвар амният таъмин хоҳад шуд .

Дар ҳоли ҳозир Амрико ҳудуди даҳ ҳазор низомӣ дар Афғонистон дорад.

Ҳамлаи низомии Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ва ишғоли ин кишвар ба баҳонаи мубориза бо терроризм, дастоварде ҷуз куштори бист ҳазор ғайринизомии афғон ва нобудии зерсохтҳои Афғонистон надоштааст .

 

Барчасп