Март 30, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон
    Нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон

Давлати Афғонистон қасд дорад, барои саркуби мухолифони мусаллаҳ дар ин кишвар, шумори нерӯҳои вижаи артиши худро ду баробар кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлат Вазирӣ, сухангуи Вазорати дифои миллии Афғонистон ба хабаргузории Ройтерс гуфт: Нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон бештар тақвият ва таҷҳиз хоҳанд шуд .

Вазирӣ афзуд: Вазорати дифои Афғонистон дар назар дорад, нерӯҳои вижаро аз "фирқа" (як лашкар) ба "қавли урду" (се лашкар) иртиқо диҳад .

Бар асоси ин гузориш, ҳамакнун шумори нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон беш аз 17 ҳазор нафар аст, ки дар оянда ба беш аз 30 ҳазор нафар хоҳад расид.

 70дарсади амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон бар уҳдаи нерӯҳои давлатӣ аст .

 

Барчасп