Март 30, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Чигунагии музокирот, нахустин ихтилофи назари “Брекзит”-ии Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо

Лаҳазоте пас аз оғози расмии раванди иҷрои Brexit, нахустин ихтилофи назар миёни мақомоти бритониёӣ ва аврупоӣ бар сари ояндаи музокирот, падидор гашт.

Мақомоти аврупоӣ аз ҷумла Ангела Меркел садри аъзами Олмон, Jean-Marc Ayrault- вазири умури хориҷаи Фаронса ва ҳамчунин, парлумон Аврупо муттафиқулқавл эълом карданд, ки бо ҳамзамонии музокироти хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ва музокирот, тарсими равобит баъд аз хурӯҷ мухолиф ҳастанд. Дар ҳоле, ки дар номаи Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё барои ба ҷараён афтодани модаи 50 Паймони Лисабон, Лондон ҳамзамонии ин ду музокиротро хостор шудааст.

Барои Бритониё ҳамзамонии ин ду музокирот, аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор аст. Дар ҳоли ҳозир Бритониё ҳамчунон узви Иттиҳоди Аврупо аст ва ин кишвар дар муқоиса бо кишварҳои довталаби узвият дар ин иттиҳодия, аз нуфузи фаровоне дар ниҳодҳои вобаста ба Иттиҳоди Аврупо бархӯрдор аст. Давлати Мэй умедвор аст, бо истифода аз ҳамин нуфуз, шароити беҳтареро  барои даврон пас аз хурӯҷ, бо иттиҳодия барқарор созад.

Дар ҳоле, ки Иттиҳоди Аврупо хоҳон он аст, ки ибтидо ҷудоии Бритониё аз иттиҳодия комил шавад ва сипас музокирот барои тарсими равобити ҷадид, оғоз гардад.

Дар ҳоли ҳозир Бритониё ба касби ҳаддиаксари имтиёзот аз тариқи музокирот ҳамзамон чашм духтааст, то аз паёмадҳои манфии эҳтимолии Brexit ҷилавгирӣ намояд ва мухолифони сарсахти дохилиро розӣ созад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо талош мекунад, дастовардҳои Бритониё аз Brexit-ро ба ҳаддиақал бирасонад. Ба иборати дигар ҳамакнун баҳс бар сари ин аст, ки Brexit улгӯе барои дигар аъзои Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд, ё дарси ибрате барои онон.

Албатта дар ин миён, омили замон низ таъйин кунанда хоҳад буд. Бар асоси тавофуқ тарафайн, қарор аст, баъд аз ду сол, Бритониё расман аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад.

Мушкили ихтилофи назар фақат дар тарафи аврупоии музокирот дида намешавад, балки мумкин аст, бо ҷиддитар шудани дархости ҷудоии Искотланд аз подшоҳии муттаҳида, тарафи музокиракунандаи бритониёӣ низ бо чунин мушкиле мувоҷиҳ гардад. Ин дар ҳоле аст, ки тайи чанд моҳи оянда ду интихоботи сарнавиштсоз дар ду узви муҳимми Иттиҳоди Аврупо, яъне дар Фаронса ва Олмон баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад тайи ин муддат, мақомоти аршади ду кишвар тамаркузи камтаре бар музокироти Brexit дошта бошад.

Ҳама инҳо дар ҳоле аст, ки таҷриба собит кардааст, музокироти тиҷорати озод миёни кишварҳо ба солҳо замон ниёз дорад. Ба унвони мисол, музокироти тиҷорати озод, миёни Иттиҳоди Аврупо ва Канада 10 сол тӯл кашид. Дар ин муддат, тарафайн бар сари кӯчактарин масоили фаннӣ ва тахассусӣ, аз умури кишоварзӣ то ҳамкориҳои молӣ ва сармоягузорӣ музокира карданд. Ин дар ҳоле буд, ки тарафайн усулан барои ҷудоӣ пас аз 40 сол музокироте анҷом намедоданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъият, ба назар мерасад, фурсати ду сола барои ҳамзамонии музокироти ҷудоӣ ва музокироти ҳамкорӣ миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо бисёр андак бошад. Ин мавзӯъ аз ин ҷиҳат аҳамият дорад, ки оянда муносиботи Лондон ва Брюссел пас аз итмоми замони муқаррар мушаххас нест. Ба иборати дигар агар дар ин муддат музокироти Brexit ба саранҷом нарасад, чӣ басо охируззамони иқтисодӣ дар қаламрави 28 узви Иттиҳоди Аврупо рух диҳад.