Март 30, 2017 18:40 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Туркия ба уйғурҳои чинӣ барои ҳузур дар Сурия
    Кумаки Туркия ба уйғурҳои чинӣ барои ҳузур дар Сурия

Гузориши маҳрамонаи Вазорати умури хориҷаи режими Исроил ҳокӣ аст, ҳазорон чинӣ дар солҳои ахир аз тариқи Туркия барои ҷанг ба Сурия рафтаанд.

Ба иттилои шабакаи хабарии Алъолам, рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот,  гузориши маҳрамонаи бахши пажуҳишҳои сиёсии Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистиро мунташир кард, ки дар он омадааст, ҳазорон чинӣ дар солҳои ахир барои ҷанг ба Сурия рафта ва ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Димишқ пайвастаанд .

Бар асоси ин гузориш, масъалаи ҳузури уйғурҳои Чин дар Сурия омили аслии афзоиши нақши Пекин дар Сурия аст ва боис шуда, Чин равобиташро бо Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия тақвият кунад, зеро Пекин нигарон аст, бозгашти ифротгароён ба Чин боис ба хатар афтодани амнияти ин кишвар шавад .

Ин гузориш меафзояд: Бисёре аз хонаводаҳои туркуйғури Чин бо ҳадафи таъмини ҳазинаи сафар ба Сурия, дороии худро мефурӯшанд ва давлати Туркия низ ба далели асолати турки ин афрод ба онҳо кумак мекунад, ки ин амр боиси таниш дар равобити Чину Туркия шудааст .

Дар ин гузориш омадааст, давлати Чин талоши зиёде барои поён додан ба сафари ғайриқонунии ҷавонони уйғур анҷом дода ва наздиктарин роҳ ба Сурия аз тариқи кишвари Покистонро бастааст, аммо ифротгароёни уйғур бо хуруҷ аз марзҳои ҷанубии Чин, аз масире печида худро ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия мерасонанд .

 

Барчасп