Апрел 02, 2017 17:10 Asia/Dushanbe

Як нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ аз Ҷон Маккейн сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ хост, дигар раҳбари Кореяи Шимолиро "фарбеҳ" хитоб накунад, мабодо ин раҳбари ҷавон, Ғарбро бо бомбаи ҳастаӣ ҳадаф қарор диҳад.

Барбара Эллен дар мақолае дар рӯзномаи «Обсервер» навишт: Маккейн бо "кудаки фарбеҳ" номидани раҳбари Кореяи Шимолӣ дар остонаи барафрӯхтани оташи як ҷанги ҳастаӣ буд.

Эллен дар мақолаи худ овардааст: Ким Чен Ун, алоқаманд аст ӯро "раҳбари бузург" биноманд ва гуфта мешавад, ки дар бораи вазнаш бисёр ҳассос аст.

Ба навиштаи ин рӯзноманигори амрикоӣ, Кореяи Шимолӣ дар баёнияе ҳушдор дода буд, суханони Маккейн дар воқеъ таҳрик ба оғози як ҷанги ҳастаӣ аст, бо ин вуҷуд Маккейн аслан аз изҳороташ пушаймон нест ва дар посух ба дархости такрор накардани вожаи “фарбеҳ” гуфтааст: «Мехоҳед ӯро чӣ хитоб кунам? Кӯдаки девонаи лоғар?»

Барбара Эллен меафзояд: Ким Чен Ун, ҳамаи ончи як диктатори ҷавон ниёз дорад, аз ҷумла зарродхонаи низомии ҳастаӣ ва амволе, ки имкони таҳияи мушакҳои кофиро барои ҳазфи Амрико аз рӯйи кураи замин фароҳам мекунад, дар ихтиёр дорад.