Омодабоши пулиси Русия барои муқобила бо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15250-Омодабоши_пулиси_Русия_барои_муқобила_бо_тазоҳуркунандагони_зиддиҳукуматӣ
Дар пайи эътирозоти зиддиҳукуматӣ дар Маскав, пойтахти Русия пулиси ин кишвар ба ҳолати омодабош даромад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 02, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши пулиси Русия барои муқобила бо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ
    Омодабоши пулиси Русия барои муқобила бо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ

Дар пайи эътирозоти зиддиҳукуматӣ дар Маскав, пойтахти Русия пулиси ин кишвар ба ҳолати омодабош даромад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ба дунболи эътирозоти зиддиҳукуматии рӯзи якшанбе дар Маскав пулис шуморе аз тазоҳуркунандагонро боздошт кард.

Ба гуфтаи мақомот рус, майдонҳои аслии Маскав ба таври комил баста шудааст ва мошинҳои пулис дар хиёбонҳои аслӣ мустақар шудаанд. Бар асоси ин гузориш, дархостҳое аз сӯи мухолифони Ҳукумати Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои баргузории тазоҳурот дар рӯзҳои оянда матраҳ шудааст.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматии ҳафта гузашта низ дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург баргузор шуд.