Апрел 03, 2017 18:37 Asia/Dushanbe

Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, ду инфиҷори пай дарпай, дар як истгоҳи метро дар шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар, ба кушта шудани 10 нафар мунҷар шуд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, мақомоти амниятии Русия гуфтанд, ин инфиҷор чанд захмӣ низ бар ҷой гузоштааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, шумори дақиқи афроди маҷрӯҳ ва иллати дақиқи инфиҷор ҳанӯз мушаххас нест.

Пулиси амнияти Русия эълом кард, тасовири дурбинҳои мадорбастаи дохили қатори метро нишон медиҳад, инфиҷорҳо дар ду вагони қатор рӯй додааст.

Ҳамаи истгоҳҳои метро дар шаҳри Санкт-Петербург, таътил шуда ва тадобири амниятии шадиде ба иҷро даромадааст.

Ҳанӯз касе ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ин инфиҷор замоне рӯй дод, ки Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия, дар шаҳри Санкт-Петербург дар иҷлоси рӯзноманигорони минтақаӣ ва маҳаллӣ ба номи “ҳақиқат ва адолат” суханронӣ мекард.

Путин инфиҷори маргбор дар метрои Санкт-Петербургро ба мардуми Русия тасалият гуфт.

 

Барчасп