Апрел 05, 2017 13:17 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи Газпроми Русия аз Англия дар пайи оғози Бригзит

Дар пайи оғози раванди хуруҷи Англия аз Иттиҳодия Аврупо, ширкати русии Газпром ба интиқоли фаъолиятҳои тиҷории худ аз Англия ба мақсади дигар кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифт.

Шабакаи телевизионии Евронюс сешанбешаб гузориш дод, як рӯз пас аз оғози раванди хуруҷи Англия аз Иттиҳодияи Аврупо, масъулони Газпром эълом карданд, дар назар доранд фаъолиятҳои тиҷории худ дар Лондонро ба хориҷ аз кишвари Англия интиқол диҳанд.

Ин гузориш меафзояд, ширкати русии Газпром, ки фаъолиятҳои тиҷориашро дар соли 1999 дар Лондон, пойтахти Англия, оғоз кардааст ва дафтараш дар ин шаҳр, ба унвони ҷойгоҳи аслии ин ширкат дар Аврупо маҳсуб мешавад, ҳамаи амалиёти сармоягузорӣ ва нақлу интиқоли саҳоми худро аз бозори бурси Лондон хориҷ мекунад ва ба макони дигар дар Аврупо интиқол медиҳад.

Масъулони ин ширкати русӣ далели тасмими худро биму тардиди ношӣ аз паёмадҳои эҳтимолии хуруҷи Англия аз Иттиҳодияи Аврупо ва аз даст додани дастрасӣ ба бозори Аврупо унвон кардаанд.

Иқдоми ширкати Газпроми Русия, ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи газ ва нафт дар ҷаҳон, бинобар тарки хоки Англия, сабаби он шудааст, ки рӯйхати ширкатҳои русӣ, ки аз замони оғози таҳримҳо зидди Русия, хоки Англияро тарк мекунанд, тӯлонитар шавад.

Ширкатҳои русӣ пас аз таҳримҳои аврупоӣ, иқдом ба тарки Лондон карданд. Ин иқдоми ширкатҳои русӣ дар пайи оғози таҳримҳои аврупоӣ ва дар пайи даъвати Керемл аз ашхос ва ширкатҳои тиҷории русӣ барои бозгашт ба Русия анҷом шудааст.

 

Барчасп