Апрел 09, 2017 12:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Афғонистон. Аз эҳтимоли суқути Бағлон то инфиҷор дар Балх

Дар охирин таҳаввулоти Афғонистон пулиси вилояти Бағлон аз эҳтимоли суқути ин вилоят ба дасти Толибон ибрози нигаронӣ кард ва инфиҷоре низ дар вилояти Балх рух дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, генерал Икромуддин Сареъ, фармондеҳи пулиси вилояти Бағлон гуфт, бидуни эъзоми нерӯи кумакӣ, нерӯҳои пулис ба танҳоӣ тавоноии муқобила бо Толибонро дар ин вилоят надорад. Ӯ афзуд, дар сурати идомаи ноамнӣ ва эъзом нашудани нерӯҳои тозанафас ба вилояти Бағлон барои роҳандозии амалиёти густурда манотиқи васее аз ин вилоят ба тасарруфи Толибон хоҳад даромад.

Сухангӯи Толибон ҳафтаи гузашта аз оғози амалиёти баҳорӣ ва талоши ин гурӯҳ барои тасарруфи бархе дигар аз манотиқи вилояти Бағлон хабар дода буд. Дар ҳамин ҳол, Зиё Дурронӣ сухангӯи пулиси Афғонистон шаби шанбе ба хабарнигорон гуфт, пулис масъули ҷазби нерӯ барои гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар вилояти Қандаҳор боздошт кардааст ва нерӯҳои вижа акнун дар ҳоли бозҷӯӣ ва таҳқиқ аз ӯ ҳастанд.  

Вазорати дифои Афғонистон низ эълом кард, ки даҳҳо террорист, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷии вобаста ба Толибон, ДИИШ ва “ал-Қоида” дар чанд амалиёти ҷудогонаи нерӯҳои амниятии афғон дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта шудаанд.  Аз сӯйи дигар Файз Муҳаммад, як мақоми маҳаллӣ дар вилояти Балх, шимоли Афғонистон, эълом кард, дар инфиҷоре, ки дар вулусволии Чимтоли ин вилоят рух дод, 9 нафар аз нерӯҳои муқовимати мардуми Афғонистон мавсум ба “Арбакиён” кушта ва шаш нафари дигари онҳо низ захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда нагирифтааст.

Нерӯҳои муқовимати мардумӣ афроде ҳастанд, ки дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ бо толибон ва гурӯҳҳои террористӣ меҷанганд.

 

Барчасп