Сенатори амрикоӣ: Аз ҷанг барои Туркия ва Арабистон хаста шудем
(last modified Sun, 09 Apr 2017 09:56:12 GMT )
Апрел 09, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Richard Black
    Richard Black

Сенатори амрикоӣ гуфт, мардуми кишвараш аз ҷангҳои ниёбатӣ барои Арабистон ва Туркия хаста шудаанд.

Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи ахири Амрико ба пойгоҳе дар Сурия, сенатори ҷумҳурихоҳ Richard Black ба хабаргузории Спутник гуфт, зарурӣ аст, ки Трамп ҳар чи зудтар бифаҳмад, амрикоиҳо аз ҷанг ва даргирӣ ба хотири Арабистон ва Туркия хаста шудаанд.

Вай афзуд, Амрико вориди ҷанги Сурия шуд, зеро Арабистон ва Қатар мехоҳанд хутути лӯлаи газу нафт аз тариқи Сурия ба Туркия кашида шавад.

Аз сӯи дигар Боб Рассел-ноиби раиси яке аз комиссияҳои Думои Русия, дар гуфтугӯ бо расонаҳои ин кишвар гуфт, ҳамла ба пойгоҳ ҳавоии Сурия барои шаҳрвандони амрикоие, ки молиёт пардохт мекунанд, ҳудуди 120 миллион доллар ҳазина доштааст.

Вай афзуд, арзиши ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоте, ки мушакҳои гаронбаҳои амрикоӣ ҳадаф қарор додаанд, беш аз як миллион доллар нест ва ба ин тартиб метавон дар баровард кардани ҳазинаҳо чунин гуфт, ки мушакҳои Амрико, масири пӯшида аз пулҳои 100 доллариро барои расидан ба пойгоҳи ҳавоии Шаироти Сурия паймудаанд!

 

Барчасп