Ҳамапурсӣ дар Туркия оғоз шуд
Апрел 16, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
Ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Туркия, субҳи имрӯз якшанбе оғоз шуд.
Дар сурати раъйи мусбати мардум ба тағйироти эҷод шуда, дар Қонуни асосии Туркия, ихтиёроти раисиҷумҳури ин кишвар афзоиш меёбад.
Беш аз 55 миллион нафар дар Туркия метавонанд, дар ин ҳамапурсӣ ширкат кунанд.
Бо оғози таблиғот барои ин ҳамапурсӣ, равобити Туркия ва Аврупо ба шиддат пуртаниш шуд, ба вижа пас аз он ки кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон ва Нидерланд монеъ аз фаъолияти таблиғотии вазирони турк дар ин кишварҳо шуданд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия, асри рӯзи шанбе дар чаҳор маъракаи интихоботӣ дар Истамбул, ширкат кард ва аз ҳомёнаш хост, дар ин ҳамапурсӣ ширкат кунанд.
Барчасп