Эрдуғон: Диктатор намешавам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15966-Эрдуғон_Диктатор_намешавам
Раиси ҷумҳурии Туркия бо радди интиқодҳо ба ислоҳоти қонуни асосии ин кишвар гуфт, ба диктатор табдил намешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 19, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: “Ман собиқаи футболӣ дорам. фарқе намекунад, ки бозиро 1-0 бибаред ё 5-0. ҳадафи ниҳоӣ пирӯзӣ дар бозӣ аст”.
    Эрдуғон: “Ман собиқаи футболӣ дорам. фарқе намекунад, ки бозиро 1-0 бибаред ё 5-0. ҳадафи ниҳоӣ пирӯзӣ дар бозӣ аст”.

Раиси ҷумҳурии Туркия бо радди интиқодҳо ба ислоҳоти қонуни асосии ин кишвар гуфт, ба диктатор табдил намешавад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Си Эн Эн, изҳороти бархе таҳлилгаронро, ки муътақиданд тағйири низоми порлумонӣ ба раёсатӣ метавонад заминасози эҷоди як диктаторӣ дар Туркия шавад, рад карду гуфт, “ҷое ки диктаторӣ бошад, дигар ниёзе ба низоми раёсатӣ ҳам нест”.  

 Раиси ҷумҳурии Туркия бо интиқод аз сиёсати кишварҳои аврупоӣ дар қиболи Анкара низ гуфт, кишвараш сахт талош кардааст, ки ба ҳамаи шароити Иттиҳоди Аврупо амал кунад, аммо ИА ба ваъдаҳои худ амал накард.

 Эрдуғон ҳамчунин дар посух ба саволе дар бораи ҳимояти камтар аз интизори мардуми Туркия аз ислоҳоти қонуни асосӣ ва раъйи ҳудуди 51 дарсадии онон ба ин ислоҳот гуфт, “Ман собиқаи футболӣ дорам. фарқе намекунад, ки бозиро 1-0 бибаред ё 5-0. ҳадафи ниҳоӣ пирӯзӣ дар бозӣ аст”.

Бар асоси натоиҷи ҳамапурсии тағйири қонуни асосии Туркия, 51.4 дарсад аз раъйдиҳандагон ба ин ҳамапурсӣ “оре” гуфтанд.

Илова бар эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои бузурги Туркия, Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқи ин кишвар бо ироаи дархосте расмӣ ба Шӯрои олии интихоботи Туркия, ботил шудани натиҷаи ҳамапурсиро ба далели он чӣ тахаллуфоти бисёр номида, хостор шудааст.