Апрел 23, 2017 11:25 Asia/Dushanbe
  • Оғози раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Фаронса

Мардуми Фаронса субҳи имрӯз якшанбе (23 апрел) барои интихоби раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар, таҳти тадобири шадиди амниятӣ, ба назди сандуқҳои раъй рафтанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин интихобот ёздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Фаронса аст, ки 11 номзад бо ҳам рақобат мекунанд.

Эммануэл Макрон - номзад ҷунбиши “Дар ҳаракат” ва вазири иқтисоди мустаъфии давлати Франсуа Олланд,  Марин Ле Пен-номзади Ҳизби ҷабҳаи миллӣ, Франсуа Фийон-номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва нахуствазири давлати Николя Саркози ва Жан-Люк Меланшон-номзади Ҷиноҳи чапи Фаронса шанси бештаре барои роҳёбӣ ба даври дуввуми интихобот доранд.

47 миллион фаронсавӣ воҷиди шароити раъй додан ҳастанд.

Раъйгирӣ аз фаронсавиёни сокин дар дигар кишварҳо, рӯзи гузашта анҷом шуд.

Раъйгирии имрӯз, ки то соати 19 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад дошт, ба далел ноамниҳои ахир, аз ҷумла ҳамлаи террористии ДИИШ ба пулиси Фаронса дар Порис, таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп