Апрел 23, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики дабири кулли Созмони милал ба раисҷумҳури Сурия

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид рӯзи миллии Сурияро табрик гуфт.

Ба гузориши сайти Алъаҳд, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ирсоли паёме ба Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба муносибати рӯзи миллии ин кишвар таъкид кард, ҷаҳон дар асри кунунӣ бо халаи бузурги амниятӣ мувоҷеҳ аст .

Гутерреш тасреҳ кард, соли 2017 бо умед ба барқарории сулҳ дар ҷаҳон оғоз шуд ва тамоми ончи ба унвони ҷомеаи ҷаҳонӣ барояш талош мешуд, аз ҷумла бузургӣ, адолат, пешрафт ва шукуфоӣ, бар сулҳ мубтанӣ аст .

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҳамчунин бар нақши созанда ва муассири Сурия дар эҷоди сохторе қавитар дар Созмони милали муттаҳид ва талош барои барқарории сулҳ таъкид кард .

 

 

Барчасп