Апрел 26, 2017 21:30 Asia/Dushanbe
  • Хелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
    Хелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо тазмини иҷрои комил ва муассири барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро хостор шуд.

Ба иттилои Ирно, Хелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки раёсати тарафи аврупоии Комиссияи муштараки БАРҶОМ-ро бар уҳда дорад, бо судури баёнияе эълом кард, ширкаткунандагон дар нишасти Комиссияи муштарак бар зарурати тазмини иҷрои комил ва муассири БАРҶОМ таъкид карданд.

Тибқи мафоди БАРҶОМ, Комиссияи муштарак масъулияти назорат бар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳониро бар уҳда дорад.

Ҳафтумин нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ рӯзи сешанбе бо ҳузури Эрон, кишварҳои гурӯҳи панҷи ба иловаи як ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар ҳотели Кобурги Венаи Австрия баргузор шуд.  

Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Англия, Франса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) 14 июли 2015 мувофиқатномаеро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон имзо карданд ва ин мувофиқатнома 16 январи 2016 иҷроӣ шуд.

 

Барчасп