Тирандозии нерӯҳои марзии Туркия бар рӯйи паноҳҷӯёни курд
(last modified Sun, 07 Aug 2016 13:18:20 GMT )
Август 07, 2016 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тирандозии нерӯҳои марзии Туркия бар рӯйи паноҳҷӯёни курд

Нерӯҳои Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия, бар рӯйи паноҳҷӯёни курд оташ кушоданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории "Спутник", дар натиҷаи тирандозии марзбонони Туркия, як паноҳҷӯи курд кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, ин паноҳҷӯёни бедифоъ дар талош буданд, ки аз манотиқи ноороми Сурия ба манотиқи амнтар дар Туркия паноҳ бибаранд.

Курдҳо аз ҷомеаи байналмилал мехоҳанд, ки Туркияро аз нақзи ҳуқуқи башар боздоранд.

Аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия то кунун курдҳо борҳо ҳадафи ҳамалоти нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ қарор гирифтаанд.