Апрел 29, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши пулиси Маскав дар баробари мухолифони Путин

Неруҳои пулиси Русия дар остонаи тазоҳуроти мухолифони номзадии Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар Маскав ба ҳоли омодабош даромаданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, садҳо нафар аз неруҳои пулиси зидди шӯриши Русия, рӯзи шанбе дар остонаи тазоҳуроти мухолифон, ки хостори худдории Владимир Путин аз рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда ҳастанд, дар маркази Маскав мустақар шуданд.

Бар асоси ин гузориш, Путин ҳанӯз эълом накардааст, қасд дорад дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2018 Русия ширкат кунад, аммо назарсанҷиҳо аз сатҳ болои маҳбубияти ӯ хабар медиҳад ва то ҳадди зиёде пешбинӣ мешавад, вай дар интихоботи соли оянда номзад шавад.

Ҷунбиши тарафдори демократияи “Русияи боз” (Открытая Россия), ки Михаил Ходорковский, мунтаққиди Керемл -бунёнгузори он аст, аз мардум хоста асри рӯзи шанбе муқобили бино раёсатҷумҳурӣ дар маркази Маскав таҷаммӯъ кунанд, то дархостҳои катбии худро аз Путин барои канор рафтанаш аз арсаи сиёсат ба ӯ ироа кунанд.

Ин ҷунбиши мухолифи Русия талош мекунад, эътирозҳои мушобеҳро дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Санкт-Петербург созмондеҳӣ кунад.

 

Барчасп