Даргузашти шоири машҳури Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16502-Даргузашти_шоири_машҳури_Афғонистон
Афиф Бохтарӣ, аз шоирони номошно ва аз чеҳраҳои таъсиргузор дар шеъри Афғонистон даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 01, 2017 07:56 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти шоири машҳури Афғонистон

Афиф Бохтарӣ, аз шоирони номошно ва аз чеҳраҳои таъсиргузор дар шеъри Афғонистон даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории “Мизон”, масъулон дар вилояти Балхи Афғонистон гуфтанд, зиндаёд Афиф Бохтарӣ аз ин чеҳраҳои адабии саршиноси Афғонистон шаби гузашта, дар бемористони Абуалӣ Синои шаҳри Мазори Шариф чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Бохтарӣ яке аз чеҳраҳои барҷаста дар ҷомеаи адабии Афғонистон буд, ки шеъри вай дар даҳаҳои ахир таъсири басазое дар ҷомеаи Афғонистон дошт.  Бохтаре, ки рӯзноманигор ва нависанда низ буд, дар соли 1962 дар Балх мутаваллид шуд ва пас аз поёни даврони таҳсилоти ибтидоӣ ба Донишкадаи кишоварзии Кобул рафт ва аз онҷо фориғуттаҳсил шуд.

Вай дар оғоз ба унвони омӯзгор дар идораи саводомӯзии Балх ва Анҷумани нависандагони он вилоят ва идораи кулли умури фарҳангӣ ва иҷтимоии шимоли Афғонистон кор кард, дар соли 1999 ба унвони сардабири нашрияи “Ҷаҳони нав” дар Балх, оғоз ба кор намуд ва ба унвони мудири масъули моҳномаи «Алиф то ё» низ масъулият дошт.

Токунун панҷ дафтари шеър ба номҳои «Санг ва ситора», «Овозҳои хокистарӣ», «Ман бо забони дарё», «Бо як пиёла чой читурӣ», «Азизи ман ва Сад ғазал» аз Афиф Бохтарӣ ба интишор расидааст.