Афзоиши нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон
(last modified Mon, 01 May 2017 09:09:59 GMT )
Май 01, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
  • Пентагон эълом кард, ба зудӣ ҳазору 700 низомии дигарро ба Афғонистон мефиристад.
    Пентагон эълом кард, ба зудӣ ҳазору 700 низомии дигарро ба Афғонистон мефиристад.

Бо вуҷуди мухолифатҳои мардумӣ ва маҳофили сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон, Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) эълом карданд, дар назар доранд нерӯҳои низомии худро дар Афғонистон афзоиш диҳанд.

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дар баёнияе эълом кард, ба зудӣ ҳазору 700 низомии дигарро ба баҳонаи омӯзиш ба низомиёни Афғонистон, ба ин кишвар эъзом мекунад. Илова бар ин, Пентагон эъзоми 5 ҳазор нерӯ дар қолаби 13 ҳазор низомӣ ба Афғонистонро дар дасти баррасӣ дорад. Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи муқобила бо терроризм ва аз байн бурдани Алқоидаву Толибон ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард. Сипас созмони НАТО-ро ба унвони бозуи амалиётии худ вориди Афғонистон кард, ки ду тараф беш аз яксаду сӣ ҳазор нерӯи низомӣ дар ин кишвар мустақар карданд. Аммо баъд аз муддати кӯтоҳе нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ба далели ҷиноёте ки дар Афғонистон муртакиб шуданд, худ ба омили ноамнӣ дар ин кишвар табдил шуданд.

Ин вазъият боис шуд Афғонистон ба ботлоқе барои нерӯҳои амрикоӣ табдил шавад ва бисёре аз маҳофили амрикоӣ онро бо шикасти Амрико дар ҷанги Ветнам муқоиса мекарданд. Барак Абама, раиси ҷумҳурии қаблии Амрико барои наҷоти нерӯҳои ин кишвар аз ботлоқи Афғонистон бахше аз анонро аз Афғонистон хориҷ карду ваъда дод то поёни соли 2016 ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар хориҷ шаванд. Аз ан ҷо ки Амрико ба ҳеч унвон хоҳони тарки Афғонистон нест, бо заминасозӣ талош кард муҷаддадан нерӯҳои худро ба Афғонистон бозгардонад, ки зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар дар ҳамин росто талаққӣ мешавад.

Эъзоми муҷаддади нерӯҳои амрикоӣ ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон нишон медиҳад, ки давлати Амрико дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп дар садади пур кардани халои худ аст. Ба ҳамин далел Вашингтон давраи ҷадиде аз мудирияти буҳрон дар манотиқи муҳими роҳбурдиро оғоз кардааст то афзоиши нерӯ ва истиқрори таҷҳизоти низомии ҷадиди худро тавҷеҳ кунад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии қаблии Афғонистон зимни мухолифат бо афзоиши нерӯҳои низомии Амрико ва НАТО дар кишвараш, амалкарди ин нерӯҳо дар 15 соли гузашта дар Афғонистонро зери савол бурд ва таъкид кард, агар нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО воқеан қасди муқобила бо терроризмро дар Афғонистон доштанд, набояд гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар зуҳур мекард. Дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад Амрико ба далели нигаронӣ аз пур кардани халои нерӯҳояш дар Афғонистон аз сӯйи сойири кишварҳо, аз ҷумла Русия, дар садад аст ба баҳонаи омӯзиши нерӯҳои афғон ба шакли хазанда нерӯҳои худро дар Афғонистон афзоиш диҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамаи маҳофили сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар ҳузури низомии Амрико барои муқобила бо ноамниҳо дар Афғонистонро шикастхӯрда медонанд ва бар ин эътиқоданд, бозгашти ин нерӯҳо сирфан мухолифони мусаллаҳро барои идомаи фаъолияти худ таҳти унвони “муқобила бо ишғолгарон” ҳар чӣ бештари тарғиб мекунад.

Басир Аҳмад Донишёр, устоди Донишгоҳи Ҳирот низ бар ин эътиқод аст, эъзоми низомиёни амрикоӣ ба Афғонистон гурӯҳҳои мухолифро дар муқобила бо онон ва давлати Ашрафғанӣ таҳрик мекунад. Вай роҳбурди афзоиши низомиёни хориҷӣ дар Афғонистонро ноком хонду таъкид кард, ҳузури ин низомиён худ омили идомаи ҷанг дар ин кишвар аст ва ҳатто бар асари он ноамниҳо низ ташдид хоҳад шуд.

Илова бар ин, фармондеҳони низомии Амрико дар Афғонистон эълом карданд, Толибон дигар ҳадафи онон нест ва ин дар ҳоле аст, ки муҳимтарин омили ноамнии ин кишвар Толибон аст, ки ахиран ҳамалоти худро зидди мавозеи нерӯҳои давлатӣ ва мардуми Афғонистон шиддат бахшидааст.