Май 05, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ байни нерӯҳои афғон ва Покистон дар минтақаи марзии ду кишвар

Манобеи Покистон аз даргирӣ байни нерӯҳои ин кишвар ва Афғонистон дар минтақаи марзии ду кишвар хабар доданд.

 

Ба гузориши ИРНА, артиши Покистон эълом кард, дар тирандозии субҳи имрӯз, ҷумъа нерӯҳои ин кишвар ва Афғонистон дар марзи ду кишвар ва дар наздикии гузаргоҳи марзии “Чаман” дар иёлати Балучистони Покистон як ғайринизомии Покистони кушта шуда, 18 нафари дигар захмӣ шуданд. Бештари захмиҳо, занон, кӯдакон ва аъзои гурӯҳи сершумори Покистон ҳастанд.

Бар асоси гузоришҳои дигар, бар асари ин даргирӣ шуморе аз нерӯи пулиси марзии Афғонистон ҳам кушта шудаанд. Иллати ин тирандозӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ба дунболи ин даргирӣ гузаргоҳи марзии “Чаман”-и байни Покистону Афғонстон баста шуд. Ин тирандозӣ дар ҳолест, ки ахиран, мақомоти парлумон ва артиши Покистон барои густариши равобит бо Афғонистон ба Кобул сафар карда буданд.

 

Барчасп