Худдории расонаҳои Амрико аз пахши таблиғи 100 рӯзи раёсатҷумҳурии Трамп
Чаҳор шабакаи телевизионии CNN, ABC, CBS ва NBC-и Амрико, аз пазириш ва пахши огоҳӣ дар бораи муваффақиятҳо ва дастовардҳои сад рӯзи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп-раисиҷумҳури ин кишвар, худдорӣ карданд.
Торномаи хабарии амрикоии “Washington Examiner” навишт, дар нахустин таблиғи дастовардҳои сад рӯзи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, ки аввали моҳ мепахш шуд, шабакаҳои аслии телевизионии Амрико ҳозир ба пахши он нашуданд.
Мухолифат бо пахши таблиғи дастовардҳои сад рӯзи раёсатҷумҳурии Трамп аз шабакаҳои CNN, ABC , CBS ва NBC дар посух ба бархӯрдҳои раисиҷумҳури Амрико бо расонаҳо анҷом шуд.
Доналд Трамп дар ҷараёни корзори интихоботӣ ва пас аз пирӯзӣ дар интихоботи ҳаштуми моҳи ноябри 2016, ба расонаҳои амрикоӣ ҳамла ва онҳоро расонаҳои мутаққаллиб ва дурӯғгӯ хитоб кард.