Май 08, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Макрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса

Эммануэл Макрон, номзади мустақил дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса бо шикасти Марин Ле Пен, номзади ростгарои ифротӣ ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар интихоб шуд. Макрон бо касби 65,1 дарсади оро дар муқобили Марин Лё Пен бо касби 34, 9 дарсад ба кохи Элиза роҳ ёфт.

Бо ин натиҷа, Макрон бо 39 сол син, ҷавонтарин раиси ҷумҳурӣ дар тӯли таърихи Фаронса маҳсуб мешавад.

Ҳамон гуна, ки назарсанҷиҳои қабл аз баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ нишон дода буданд, Макрон бо орои беш аз 60 дарсадӣ тавонист рақиби сарсахти ростгарои ифротии худ, яъне Марин Лн Пенро шикаст диҳад. Пирӯзии Макрон бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти ҷараёнҳои рости миёна ва чапи миёна ва дар воқеъ аҳзоби аслии Фаронса аз вай чандон ҳам ғайримунтазира набуд. Дар ин ҳол ҳушдорҳои мукаррари мақомот ва сиёсатмадорони аршади фаронсавӣ дар бораи табаот ва паёмадҳои мусибатбори пирӯзии Марин Ле Пен низ дар афзоиши раъй ва иқболи мардуми Фаронса ба Макрон бетаъсир набуд. Ба навъе метавон пирӯзии макронро пирӯзии намодини Аврупогароён ва ҳомиёни хатти машйи кунунии Фаронса дар абъоди дохилӣ ва хориҷӣ талаққӣ кард.

Ба ин тартиб метавон пешбинӣ кард, ки давлати ояндаи Фаронса низ ҳамчунон хатти машйҳои аслии давлати кунунии ин кишварро идома диҳад. Ба вижа ин ки Макрон қаблан худ як сотсиалист ва узви кобинаи давлати сотсиалисти Фаронса то соли 2014 буд. Макрон дар масоили сиёсати хориҷӣ тарафдори идомаи раванди феълӣ ва мудофеи сарсахти Иттиҳоди Аврупо ва дар воқеъ як интернатсионалист аст. Дар ҳоле, ки Ле Пен ба унвони як натсионалисти ифротӣ қасди ҷудо кардани Фаронса аз Иттиҳоди Аврупоро дошт. Албатта Макрон хоҳони анҷоми бархе ислоҳоти бунёдӣ дар ИА аст, Масъалае, ки акнун ҳатто ба эътирофи мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо барои идомаи бақои ин ниҳоди аврупоӣ зарурӣ талаққӣ мешавад. Зимни ин ки Макрон ҳаводори идомаи ҳузури пурранги Фаронса дар бузургтарин эътилофи низомии Ғарб, яъне НАТО аст. Дар ин росто Макрон бар расидан ба меъёрҳои НАТО дар заминаи ҳазинаҳои низомӣ, яъне ду дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ таъкид мекунад.

Мусалламан ба қудрат расидани Эммануэл Макрон хабари хубе барои Доналд Трамп, раиси ҷамҳурии Амрико нест, ки ошкоро ҳаводори рӯйи кор омадани Марин Ле Пен бо таваҷҷуҳ ба ҳамсӯии дидгоҳҳои вай бо Трамп буд.

Дар муқобили пирӯзии Макрон, рӯйдоди умедворкунанда ва масарратбахш барои сарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви ин иттиҳодия, ба вижа Ангела Меркел, садри аъзами Олмон маҳсуб мешавад, ки ошкоро ба ҳимояти вай қабл аз баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса пардохта буданд. Акнун мақомоти аврупоӣ итминон доранд, ки идомаи ҳузур ва ҳамсӯии давлати Фаронса ҳадди ақал то поёни давраи раёсати ҷумҳурии Макрон, дар Иттиҳоди Аврупо амре тазмин шудааст.

Аммо дар буъди дохилӣ низ бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтмоӣ ва амнияти Макрон бояд интизори таҳаввулоти ҷадидеро дошт. Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи Макрон ба унвони вазир иқтисоди Фаронса ва ҳирфаи вай ба унвони бонкдор ва сармоягузор, вай аз ҳомиёни иқтисоди бозори озод буда ва яке аз барномаҳои аслии вай таҳаққуқи хостаи Комиссияи Аврупо барои коҳиши касрии будҷаи ин кишвар ба 3 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ аст.

Дар буъди иҷтимоӣ низ мубориза бо бекорӣ, ки мусалламан акнун бузургтарин мушкили ин кишвар аст, аз ҷумла чолишҳои пешорӯйи раиси ҷумҳурии ҷадиди Фаронса хоҳад буд. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳурии сотсиалисти Фаронса натавонист дар давраи зимомдории худ тавфиқи чашмгире дар ин замина ба даст оварад. Зимни ин ки масъалаи паноҳҷуён низ аз чолишҳои аслии Макрон ба шумор меравад, ки албатта вай ҳамбастагии худро бо Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ва пайравӣ аз сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин замина эълом кардааст.

 Аммо дар буъди амниятӣ низ бузургтарин чолишӣ Фаронса идомаи таҳдидоти террористӣ аст, ки боис шудааст то мубориза бо терроризм ба яке аз аввлавиятҳои нахусти давлати ҷадиди Фаронса ба раёсати Макрон табдил шавад. Барномаҳои мадди назари Макрон дар ин замина бештар дар абъоди сохторӣ аст. Ин барномаҳо шомили тақвияти нерӯҳои амниятӣ, ба вижа полис ва ташкили воҳиде зери назари дафтари раёсати ҷумҳурӣ барои ҳамоҳангсозии ннрӯҳои иттилоотӣ ва амниятӣ дар мубориза бо терроризм аст. Дар айни ҳол Макрон бар хилофи Ле Пен, ки таъкиди шадиде бар сиёнат ва назорат бар марзҳо дорад, бар лузуми ҳифзи паймони Шенген ва идомаи сиёсати марзҳои боз таъкид мекунад.