Май 09, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Туркия барои сохти девор дар марз бо Эрон

Як рӯзномаи туркияӣ аз тасмими давлати Туркия барои сохти девор дар марзҳояш бо Эрон хабар дод.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, рӯзномаи Ҳурриети Туркия рӯзи душанбе бо ишора ба тағйироти эҳтимолӣ дар сиёсати давлати Туркия пас аз ҳамапурсии ахири тағйири Қонуни асосӣ, муддаӣ шудааст, ки ин иқдоми Туркия ба манзури муқобила бо насли ҷадиди таҳдидҳои террористӣ алайҳи Туркия амалиётӣ мешавад .

Ҳурриет навишт: Ба ҳамон далоиле, ки давлати Туркия маҷбур ба сохти девори марзӣ дар марз бо Сурия шуда, барои ҷилавгирӣ аз таҳаррукоти террористии гурӯҳи ПКК (Ҳизби коргарони Курдистон) ба фикри деворкашӣ дар марз бо Эрон аст .

Ин рӯзнома бо иддаои инки беш аз ҳазор нерӯи ПКК дар урдугоҳҳое дар марз бо Эрон фаъолият ва ба дохили хоки Туркия нуфуз мекунанд, навишт: Дар ин урдугоҳҳо садҳо узви ПКК ҳузур доранд, ки вориди хоки Туркия шудаанд ва иқдомоти террористӣ анҷом медиҳанд .

Давлати анкара бо ҳадафи афзоиши амнияти марзҳои Туркия дар манотиқи ҷанубии ин кишвар, 511 километр девор бо блокҳои бетонӣ дар марзҳои Сурия сохтааст .

Эрон ва Туркия 550 километр марзи муштарак бо ҳам доранд ва устони Озарбойҷони ғарбӣ аз Эрон бо чаҳор устони Туркия ҳаммарз аст .

Туркия бо Сурия низ ҳудуди 910 километр ва бо Ироқ дар ҳудуди 600 километр марзи муштарак дорад .

 

Барчасп