Трамп раиси FBI – ро барканор кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16936-Трамп_раиси_fbi_ро_барканор_кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе Ҷеймс Коми, раиси Идораи таҳқиқоти федералии Амрико (FBI)-ро аз симмати худ барканор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 10, 2017 07:18 Asia/Dushanbe
  • Трамп раиси FBI – ро барканор кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе Ҷеймс Коми, раиси Идораи таҳқиқоти федералии Амрико (FBI)-ро аз симмати худ барканор кард.

Ба гузориши шабакаи “Эй Би Си Нюз”, дар баёнияи Кохи Сафед омадааст: “Иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико ба барканории раиси Идораи таҳқиқоти федералии ин кишвар ба пешниҳоди додситони кулли Амрико ва муовини ӯ анҷом шудааст.

Ҷефф Сешнз, додситони кулли Амрико пеш аз ин дар номае ба Трамп барканории Ҷеймс Комиро хостор шудаву гуфта буд, FBI ниёзманди шурӯи дубора дар сатҳи мудириятӣ аст.

Ба назар мерасад, ихтилофи раиси ҷумҳурии Амрико ва раиси FBI бар сари мавзӯи Русия будааст.

Ҷеймс Коми чанде пеш дар иқдоме, ки хашми Трампро барангехт, таъйид кард, таҳқиқоте дар бораи эҳтимоли иртиботи наздикони Трамп бо Русия дар ҷараён аст.

Ҳомиёни Ҳизби демократи Амрико ҳам муътақиданд, ки Коми нақши калидӣ дар пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико доштааст.

Ҷеймс Коми чанд рӯз монда ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ноябри соли 2016 аз бозкушоии дубораи парвандаи эмейлҳои Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ хабар дод. Масъалае ки Клинтон онро сабаби кам шудани орои худ медонад.