ДИИШ масъулияти инфиҷори Покистонро бар уҳда гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17080-ДИИШ_масъулияти_инфиҷори_Покистонро_бар_уҳда_гирифт
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори маргбори рӯзи ҷумъаи наздики корвони муовини раиси палатаи болоии парлумони Покистонро ба уҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 12, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти инфиҷори Покистонро бар уҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори маргбори рӯзи ҷумъаи наздики корвони муовини раиси палатаи болоии парлумони Покистонро ба уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, як омили бомбгузори ДИИШ, ки либоси инфиҷорӣ ба тан дошт, масъули ин ҳамла буд.

Мақомоти Покистон эълом кардаанд, бар асари ин инфиҷор, ки дар минтақаи Мастунги аёлати Балучистони ин кишвар рух дода, дасти кам 25 нафар кушта ва шуморе маҷрӯҳ шуданд.

Корвони худравҳои Абдулғафур Ҳайдарӣ, муовини санои Покистон ва дабири кулли Ҷамоати уламои Исломи шохаи Фазлулраҳмон ҳадафи ин ҳамлаи террористӣ буд. Ҷамоати уламои Исломи шохаи Фазлулраҳмон аз аҳзоби ҳамсу бо Ҳукумати Покистон маҳсуб мешавад.