Ҳамлаи сойберӣ ҳамзамон ба 74 кишвари ҷаҳон
Дар рухдоде бесобиқа 74 кишвар ҳамзамон ҳадафи ҳамалоти сойберии хатарноке қарор гирифтанд.
Ба гузориши шабакаи “Ал-Олам”, коршиносон эълом кардаанд, ки Амрико, Англия, Русия, Чин, Италия, Испания, Туркия, Ветнам, Украина ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳое будаанд, ки ҳадафи ин ҳамалот қарор гирифтаанд.
Ширкати амниятии Касперскийи Русия низ эълом кард, Русия беш аз ҳар кишвари дигаре ҳадафи ин мавҷи ҳамалот қарор гирифтааст.
Дар ин ҳамлаи сойберӣ ба сомонаи Хадамоти беҳдоштии миллии Англия, дастрасии пизишкон ба парвандаи беморон масдуд шуд ва бахши фавриятҳои пизишкӣ дар бемористонҳову марокизи дармонӣ ночор шуданд, ки аз пазириши беморон худдорӣ кунанд.
Тереза Мэй, нахуствазири Англия бо интишори баёнияе эълом карда, ки ҳадаф аз ин ҳамлаи сойберӣ, сирфан шабакаи беҳдошту дармони Англия набуда, балки ҳамлае байналмилалӣ ба чанд кишвару чандин созмони байналмилалӣ будааст.
Дар миёни бисёре аз ниҳодҳову муассисоте ки мавриди ин ҳамлаи сойберӣ қарор гирифтаанд, бемористонҳову ширкатҳои иртибототи мухобиротӣ дар саросари Аврупо, Русия ва Осиё ба чашм мехуранд.
Ду ширкати “Телефонико”-и Испания ва “Мегафон”-и Русия низ дар миёни қурбониёни ин ҳамлаи сойберӣ қарор доранд.