Мухолифати ҳудуди ниме аз амрикоиҳо бо ихроҷи раиси FBI
Назарсанҷӣ нишон медиҳад, 46 дарсади амрикоиҳо мухолифи тасмими раисҷумҳури ин кишвар ба ихроҷи раиси FBI ҳастанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Конгресси Амрико (Ҳил), назарсанҷии Муассисаи Gallup ҳамчунин ҳикоят аз он дорад, ки 15 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтаанд, назари хосе дар бораи ихроҷи раиси FBI надоранд .
Аз назари ҳизбӣ низ 79 дарсади ҷумҳурихоҳон в а 14 дарсади демократҳо бо ихроҷи раиси FBI мувофиқат карданд .
Ин назарсанҷӣ дар рӯзҳои 10 ва 11 май ва бо мушорикати 1013 нафар анҷом шуд. Раисҷумҳури Амрико сешанбеи ҳафтаи гузашта, Ҷеймс Коми, раиси Идораи таҳқиқоти федерали Амрико (FBI)-ро ба таври ногаҳонӣ ва дар ҳоле, ки дар ҳоли суханронӣ дар хориҷ аз пойтахти ин кишвар буд, барканор кард.
Расонаҳои хабарии Амрико, ангезаи Трамп аз ихроҷи Комиро назорати раиси барканоршудаи FBI бар парвандаи расидагӣ ба равобити эҳтимолии ситод ва мушовирони раисҷумҳури Амрико бо давлати Русия медонанд .