Май 14, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • 55 кушта ва захмӣ дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи Амрико

61 мавриди тирандозӣ дар 24 соати гузашта дар иёлотҳои мухталифи Амрико дастикам 15 кушта ва 40 захмӣ барҷой гузошт.

Ба иттилои маркази сабти омори хушунатҳои таслеҳотии Амрико, дар як мавриди гузоришшуда дар иёлоти Массачусетс, полиси Бостон аз захмӣ шудани ду нафар дар тирандозии хиёбонӣ хабар дод .

Дар ҳодисаи тирандозии дигаре дар иёлоти Мичиган, дархост аз теъдоде аз меҳмонон барои тарки меҳмонӣ, боиси вуқуи тирандозӣ шуд, ки ба марги ду нафар аз меҳмонон поён ёфт. Дар ҳодисаи тирандозии дигаре дар Вирҷиния, полис дар ҳоли таҳқиқ дар бораи тирандозӣ дар меҳмонхонаест, ки мунҷар ба захмӣ шудани се нафар шудааст .

Ҳануз иллати тирандозӣ мушаххас нест. Дар тирандозии дигаре дар ҳамин иёлот, дар паи ҳамла ба хонае дар шаҳри Дэнвилл, як мард кушта ва як зан захмӣ шуд .

Дар иёлоти Пенсилвания, падари 60 сола пас аз қатли духтари 18 солааш, худкушӣ кард .

Ҳамчунин дар тирандозӣ дар паркинге дар Ню-Мексико, як нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шуданд .

Тибқи оморҳои расмӣ, мизони ҷурму ҷиноят дар Амрико, 20 баробари соири кишварҳои тавсеаёфта аст .

 

Барчасп