Трамп иттилооти фавқи сиррӣ ба русҳо додааст
Расонаҳои Амрико эълом карданд, Доналд Трамп иттилооти бисёр маҳрамонаро, ки фаротар аз фавқи сиррӣ аст, ба душмани аслии Амрико яъне Русия додааст.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ба навиштаи рӯзномаҳои Вашингто Пост ва Ню-Йорк Таймс, ин иттилоот ҳафтаи гузашта дар мулоқоте дар утоқи бейзӣ-дафтари кори раисҷумҳури Амрико ба тарафи русӣ дода шудааст .
Дар ин дидор, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва сафири ин кишвар дар Амрико ҳузур доштанд .
Ин мулоқот як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки Доналд Трамп, Ҷеймс Коми, раиси созмони FBI-ро азл кард .
Коми дар он замон дар ҳоли ҳидояти таҳқиқоте буд, мабнӣ бар инки оё Трамп эҳтимола тамосҳои нодурусте бо Русия доштааст ё хайр .
Ба навиштаи Вашингтон Пост, Трамп иттилоотеро дар ихтиёри Русия қарор додааст, ки муттаҳидони Амрико ҷамъоварӣ карда ва ба Вашингтон дода буданд ва набояд ба кишварҳои дигар дода мешуд .
Ба навиштаи Вашингтон Пост, Трамп дар замони додан ин иттилоот ба Русия, дар бораи иттилооте, ки дар ихтиёр дорад, бо лофзанӣ суҳбат мекунад .
Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед мақолаи нашрия Вашингтон Постро дар ин маврид ба шиддат рад карду онро достоне нодуруст донист .